«Сурӯши Сталинград»- туҳфа ба шаҳрвандони Волгоград

Май 3, 2014 10:16

Душанбе, 03.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ба муносибати 70-солагии пирӯзӣ дар муҳорибаи Сталинград  дар остонаи ҷашни Ғалаба китоби Мӯъмин Қаноат «Сурӯши Сталинград» бо забони русӣ дар шаҳри Волгоград ба нашр расид. Дар ин бора аз сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд. 
Достони «Сурӯши Сталинград»-ро аз забони тоҷикӣ ба забони русӣ шоир Роберт Рождественский  тарҷума кардааст. Олга Безбородова раиси маркази байналмиллалии кӯдакону наврасони шаҳри Волгоград мураттиби китоб мебошад.
Мӯъмин Қаноат бо достони «Сурӯши Сталинград» дар шаҳри Волгоград хеле маъруф аст ва дар давоми даҳсолаҳо ҷавонони ин шаҳр пораҳои ин достонро дар озмунҳо қироат мекунанд. Ин достон яке аз асарҳои беҳтарин дар бораи ҷоннисории мардуми ин шаҳри канори Волга дар солҳои ҶБВ ба шумор меравад.

Май 3, 2014 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд