Тақдими унвонҳо ба аъзои Академияи хурди илмҳо

Май 28, 2014 09:30

Душанбе, 28.05.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- 24 майи соли равон дар шаҳри Душанбе сессияи ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо бо иштироки 500 нафар хонандаи мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ доир гардид.Тавре ки дар ин бора хадамоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар он аз вилояти Суғд 95 нафар хонанда, ки ғолиби сессияи вилоятии Академияи хурди илмҳо дониста шуданд, ширкат варзид. Бояд гуфт, дар ҷамъбасти маърӯза 55 нафар хонандаи мактабҳои вилоят сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 42 нафар сазовори ҷойи якум, 10 нафар ҷойи дуюм ва 3 нафар сазовори ҷойи сеюм дониста шуд. Ба 30 нафар иштирокчии сессия унвони аъзо — мухбири Академияи хурди илмҳо ва ба 10 нафар унвони аъзои ҳақиқии Академияи хурди илмҳо дода шуд.

Май 28, 2014 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд