Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо КБСС
Душанбе, 28.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх /КБСС/ дар Душанбе зимни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Кристин Берли — муовини Президенти КБСС баррасӣ гардид. Раиси маҷлиси миллӣ аз ҳамкориҳои густурдаи КБСС дар Тоҷикистон, хусусан робитаҳои пайвастаи он бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон изҳори сипос намуда, афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон минбаъд низ дар татбиқи лоиҳаҳои башардӯстонаи кумитаи мазкур дар сатҳи ҳукумат ва парлумон омода аст. Ҳамзамон дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти безараргардонии минаҳо, кумак ба осебдидагон аз маводи тарканда, мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба дастгирии оилаҳои ниёзманд, касбомӯзӣ, тақвияти вазъи беҳдоштӣ дар муассисаҳои ислоҳоти меҳнатӣ матраҳ гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






