Таҳкими қонуният ва пешгирии ҷинояткорӣ
Фархор, 6.05.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Президенти кишвар дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии ҶТ барои пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткор, ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти милитсия ба аҳолӣ сухан гуфт. Дар робита ба ин дар ноҳияи Фархор бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар мавзӯи: «Таҳкими қонуният ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон» чорабинӣ доир гардид, ки дар он нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», канораҷӯии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, содиршавии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон андешаронӣ карданд. Зикр шуд, ки дар назди шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия бахши ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва дастаи дружиначиёни ихтиёрӣ таъсис шудааст. Дар деҳоти ноҳия аз ҷониби нозирони минтақавӣ барои риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояткории наврасону ҷавонон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






