Таҷҳизи «Силкоат бойя» бо хати нави технологӣ
Душанбе, 30.05.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Дар корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» технологияҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Тавре ки аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар корхонаи муштараки «Силкоат бойя» — и Тоҷикистону Туркия, ки ҷузви Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба шумор рафта, ба истеҳсоли локу ранг ва пардоздиҳӣ машғул аст, хатти нави технологӣ ба кор дароварда мешавад.
Дар назар аст, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани технологияи нав иқтисоди лоиҳавии корхона ба 4 ҳазор тонна расад.
Аз ин лиҳоз роҳбарияти корхонаи мазкур ният дорад, ки барои содироти маҳсулоташ ба Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии мардумии Чин шартномаҳои муштаракро ба имзо расонад.
Хотирнишон месозем, ки маҳсулоти корхонаи муштараки «Силкоат бойя» на фақат дар бозори дохилии Тоҷикистон, балки дар бозорҳои кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Афғонистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ харидори зиёд дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






