Таҷҳизи «Силкоат бойя» бо хати нави технологӣ

Май 30, 2014 10:02

Душанбе, 30.05.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Дар  корхонаҳои  Минтақаи  озоди  иқтисодии «Суғд» технологияҳои нави  истеҳсолӣ мавриди  истифода қарор  мегиранд. Тавре  ки  аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд,  дар  корхонаи  муштараки  «Силкоат бойя» — и  Тоҷикистону  Туркия, ки  ҷузви Минтақаи  озоди  иқтисодии  «Суғд»  ба  шумор  рафта,  ба  истеҳсоли  локу  ранг  ва пардоздиҳӣ машғул  аст,  хатти  нави технологӣ  ба  кор  дароварда  мешавад. 
Дар назар аст, ки баъди  мавриди  истифода қарор  гирифтани  технологияи  нав  иқтисоди  лоиҳавии  корхона  ба  4  ҳазор тонна  расад.
Аз ин лиҳоз роҳбарияти  корхонаи  мазкур   ният  дорад, ки   барои  содироти  маҳсулоташ  ба  Федератсияи  Русия  ва  Ҷумҳурии мардумии Чин   шартномаҳои  муштаракро  ба  имзо расонад.
Хотирнишон  месозем, ки  маҳсулоти  корхонаи  муштараки  «Силкоат бойя» на  фақат  дар  бозори  дохилии  Тоҷикистон,  балки  дар  бозорҳои  кишварҳои  ҳамсоя,  аз  қабили  Афғонистон,  Қирғизистон  ва  Қазоқистон  низ  харидори  зиёд  дорад.

Май 30, 2014 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад