Таҷрибаи политсияи Бавария баррасӣ гардид
Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар мавзӯи «Тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: таҷрибаи политсияи Бавария» бо иштироки намояндагони Хазинаи «Ҳанс Зейдел», Донишгоҳи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди Президенти ҶТ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, устодон ва курсантони Академия машаварат баргузор гардид.
Дар машварат роҳбари раёсати тайёркунӣ ва баланд бардоштани савияи касбии политсияи Бавария, Герд Энклинг дар мавзӯи «Фаъолияти политсия дар давлати демократӣ-ҳуқуқбунёд» маърӯза кард. Герд Энклинг зикр намуд, ки дар тайёркунии кадрҳои роҳбарикунандаи болаёқат ва баланд бардоштани савияи касбии кормандон аз таҷрибаи пешқадами политсияи давлатҳои мутараққӣ самаранок истифода бурдан лозим аст.
Муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм Каримҷон Солиев доир ба тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва истифода бурдани таҷрибаи пешқадами политсияи Бавария изҳори андеша намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






