Тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои оҳан
Душанбе, 23.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — «Бехатарии ҳаракат дар роҳҳои оҳан»-таҳти чунин унвон дар раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт машварат доир гардид.
Муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт Саидҷафар Холиқов таваҷҷуҳи ҳозиринро ба баррасии рӯзномаи машварат ҷалб намуда, зикр кард, ки мавриди муҳокима қарор додани мавзӯи мазкур иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ аст.
Нозири калони раёсат Ш. Бозоров оид ба вазъи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои оҳани ҷумҳурӣ дар давраи соли 2013 ва 4 моҳи соли равон гуфт: «Ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиёти роҳи оҳан, бояд дар ҳамбастагӣ бо кормандони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон, муассисаҳои таълимӣ, аҳли ҷамоат, воситаи ахбори умум фаъолият бурда, барои вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳию пешгирикунанда кӯшиш ба харҷ дода шавад».
Сардори шуъбаи назорати умумии Прокуратураи нақлиётии Тоҷикистон С. А. Қаюмзода ибрози назар намуда, ҷиҳати гузоштани дидбонгоҳҳои иловагӣ дар минтақаҳои серодам ва ба роҳ мондани наворҳои телевизионӣ нисбат ба садамаҳо ва ҳодисаҳои нохуш дар роҳи оҳан якчанд таклиф пешниҳод намуд.
Дар идомаи машварат муовини сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт Саидҷафар Холиқов вобаста ба бехатарии ҳаракати қатораҳо ва таъмини амнияти шаҳрвандон дар роҳҳои оҳан ибрози андеша намуд.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






