Талабагонро бояд дар мактаб касб омӯзонид

Май 27, 2014 15:23

Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тавре ки маълум аст, яке аз зинаҳои муҳим ва асосии таҳсилот дар тайёр кардани касбҳои коргарӣ зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба шумор меравад. Омӯзиши таҷрибаи давлатҳои тараққикарда собит менамояд, ки соҳибкасб намудани шаҳрвандон бояд дар зинаи таҳсилоти умумӣ оғоз ёбад ва барои рушди иқтисодиёти миллӣ тамоми шаҳрвандони дигар, ки берун аз таҳсилоти олии касбӣ мондаанд, ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаро гирифта шаванд. 
Тавре ки медонем, солҳои 90-ум дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон комбинатҳои таълимию истеҳсолӣ, ба қавли дигар УПК-ҳо,  фаъолият мекарданд, ки дар он хонандагони синфҳои 10-11  дар муддати ду сол касбу ихтисосеро, аз қабили дузандагӣ, курсҳои компютерӣ, ронандагӣ ва ғайраро,  аз худ мекарданд. 
Бо мурури замон чунин комбинатҳо  аз фаъолият мондаанду, имрӯз ин вазифаро мактабҳои миёна ба дӯш гирифтаанд.  
Директори мактаби ҳамагонии №13 Гулнора Раҳимова дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ки имрӯз таъсис додани як маҳфил кори хеле душвор аст, зеро имрӯз барои  омӯзонидани ягон касб дар мактаб бояд якчанд маҳфил, аз қабили маҳфили кулолгарӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ, пазандагӣ ва ғайра таъсис дода шавад. Барои таъсиси чунин маҳфилҳо мактабҳои миёна имконият надоранд.  «Мо дар мактабамон як синфихонаи таълими меҳнат дорем, ки он барои духтарон мебошад. Дар синфхонаҳои меҳнат барои  писарон  ҳамаи асбобу анҷомҳо аз давраи шӯравӣ боқи мондаанду онҳо ҷавобгӯи талаботи имрӯза нестанд». Ба қавли Гулнора Раҳимова, мактаб қудрати барқарор кардани ин асбобу анҷомро  надорад. Онҳо барои синфҳои меҳнат  арраву ранда, болғаву мех хариданд, лекин дар навбати ин ба онҳо тахтаву дигар масолеҳ лозим аст, ки нархи онҳо хеле гарон мебошад. Кушодани  синфҳои махсус хеле хуб аст, зеро писарон тайи ду сол имкони омӯхтани ягон касбро пайдо мекунанд.  Ҷиҳозонидани синфхона барои духтарон осонтар аст ва духтаронро ба меҳнат ҷалб кардан ҳам кори душвор нест.  Вале бояд онро ба инобат гирифт, ки қонуну қоидавайронкунӣ аз тарафи писарҳо  сар мезанад ва вазифаи асосии мо ҷалби писарон ба касбу ҳунар аст. Ҳастанд писароне, ки ба дуредгарӣ, сохтмон, кандакорӣ майлу рағбат доранд, вале онҳо наметавонанд ин майлашонро сайқал диҳанд. 
 Г. Раҳимова афзуд, ки дар айни замон  писарҳо аз мадди назар берун мондаанду таъсиси чунин синф айни мудао хоҳад гашт. 
Вазорати маориф ва илм ҳамаи мактабҳоро  вазифадор намудааст, ки асбобҳои авалиндараҷаро барои таълими меҳнат харидорӣ намоянд, вале харидани ин асбобҳо мушкилии дигарро ба бор меорад. Яъне, имрӯз дарёфти муаллимони ихтисосманд низ кори душвор гаштааст ва мутахассисони ботаҷриба бо маоши кам кор кардан ҳам намехоҳанд.   
Таъсиси комбинатҳои таълимию истеҳсолӣ метавонад бисёр мушкилотро аз байн барад. Яъне, ҳангоми таъсиси чунин марказ якчанд синфҳои махсуси касбӣ кушода мешаванд, ки ҳар талаба аз рӯи хоҳиши худ касб интихоб менамояд. Дар мактабҳо синфҳои иловагӣ боқӣ мемонанд, ки онҳоро чун синфи фаннӣ метавон истифода бурд.  Дар марказҳо бояд касбу кори муносиб ба  бозори меҳнат омӯзонида шаванд.  Пас аз анҷоми таълим дар чунин марказҳо ба хонандагон бояд шаҳодатномаи ихтисоси касб дода шавад, то онҳо ҳангоми дохил нашудан ба мактабҳои олӣ аз рӯи ихтисоси касбнамудаашон кор карда тавонанд. 
Бино ба иттилои сармутахассиси Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Рустамҷон Умаров, имрӯз  дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» — и Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи 42 намуд касбу ихтисос шаҳрвандони бекор, корҷўён ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомўзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар марказ ва филиалҳои он шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатии эҳтимолӣ ва дигар табақаҳои аҳолӣ забонҳои англисӣ, олмонӣ, русӣ ва инчунин ихтисосҳои ҳисобчии 1 С, кафшергари газу барқ, ошпаз, харрот, дўзандаи либосҳои занона, асалпарвар, боғпарвар, барқчӣ, асосҳои компютер, назоратчии барқ, пешхизмат, сантехник, сохтмончӣ, қаннод, маъмури меҳмонхона, котиба- коргузор, сартарош, рўзгордорӣ, ташхису таъмири мошин, хизматрасонии иҷтимоӣ, устои бомпўш, чўбтарош ва ғайраро аз худ менамоянд.  
Яъне, имрӯз ин марказ ва филиалҳои он  ба бозомӯзонии калонсолон машғул мебошад, ҳол он ки ин корро метавон дар курсии талабагӣ анҷом дод. 
Хеле хуб мешуд, агар Вазорати маориф ва илми кишвар сари ин мушкилӣ кор бурда, барои омӯзонидани ягон касб ба хонандагон чора меҷуст, то талабаҳо пас аз хатми мактаб агар саводи кофӣ надошта бошанд ҳам, лоақал ягон касб дошта бошанд, то ки бо касби омӯхтаашон қути лоямути худро дарёфт карда тавонанд. 
 
 
 

Май 27, 2014 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад