Талабот ба қарзҳои хурд бештар гашт

Май 30, 2014 09:12

   Душанбе,30.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, таҳлили бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави кишвар дар чор моҳи соли ҷорӣ нишон дод, ки нишондиҳандаи мазкур 8 млрд. 419,4 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,4 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, 3 млрд. 566,9 млн. сомонӣ қарзҳо бо пули миллӣ ва      4 млрд. 852,5 млн. сомонӣ бо асъори хориҷӣ дода шудаанд. 
     Дар ин давра фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 27,03 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,95 фоизи солонаро ташкил доданд. 
     Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ бинобар зиёд шудани талабот ба қарзҳои хурд нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 33,2 фоиз бештар қарзҳои хурд дода шудааст. Ҳамзамон ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар ин давра 391,0 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,8 фоиз зиёд мебошад. 
 
 
 
 

Май 30, 2014 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик