Талабот ба қарзҳои хурд бештар гашт
Душанбе,30.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, таҳлили бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави кишвар дар чор моҳи соли ҷорӣ нишон дод, ки нишондиҳандаи мазкур 8 млрд. 419,4 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,4 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, 3 млрд. 566,9 млн. сомонӣ қарзҳо бо пули миллӣ ва 4 млрд. 852,5 млн. сомонӣ бо асъори хориҷӣ дода шудаанд.
Дар ин давра фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 27,03 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,95 фоизи солонаро ташкил доданд.
Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ бинобар зиёд шудани талабот ба қарзҳои хурд нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 33,2 фоиз бештар қарзҳои хурд дода шудааст. Ҳамзамон ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар ин давра 391,0 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,8 фоиз зиёд мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






