Тантана бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар намояндагии ДДМ

Май 12, 2014 11:16

Душанбе, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар, Раъно Нусратуллозода). – Чанде  пеш  дар намояндагии  Донишгоҳи  давлатии  Маскав  ба номи М.В. Ломоносов  воқеъ  дар  шаҳри  Душанбе  бахшида ба  69 – солагии Рӯзи  Ғалаба   маҷлиси ботантана  баргузор гардид, ки ба  он  собиқадорони ҷанг,  ҷанговарони  интернатсионалист,  намояндагони Сафорати  Русия дар  Тоҷикистон  ва  ғайра  даъват  шуда буданд. 
Ректори намояндагии Донишгоҳи давлатии  Маскав  Абдулҳамид  Нозимов  зимни  суханони  табрикотиаш   зикр  намуд, ки  кишвари  мо  ҳар  сол  моҳи  май  Рӯзи  Ғалабаро ид  мекунад. Ифтихор  аз  Ғалабаи  бузург ва хотираи  қаҳрамонони  муҳорибаҳо  дар  хотири  халқ  абадӣ боқӣ  мемонад. Зикр  шуд, ки  ҳамдиёрони  мо  ҳам ба Ғалабаи  бузург  саҳми  худро  гузоштаанд. Беш  аз  250  ҳазор  нафар тоҷикистониён  зидди душмани  қаттол  ҳарбу  зарб  намуда,  49  нафар  ҷанговарони тоҷик сазовори  унвони Қаҳрамони  Иттиҳоди  Шӯравӣ шуданд. Дар  ин  ҷанг  90  ҳазор  нафар ҳамдиёрони  мо  ҳалок  гардиданд.
Сипас собиқадори  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  Олег  Соболев ёддоштҳояшро  дар  бораи  қаҳрамонии  ҷанговарони  шӯравӣ  баён  кард. 
Дар  анҷоми  маҷлиси  ботантана  барномаи  консертии  донишҷӯёни  донишгоҳ  манзури  ҳозирон  гардид. 

 

Май 12, 2014 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст