Тарҳи тангаҳои хотиравӣ
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳияи тарҳи тангаҳои хотиравӣ бахшида ба 600-солагии шоир ва мутафаккири адабиёти классикии тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии шоир, файласуф ва мутафаккири асри XIV Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти бонк хабар доданд, хоҳишмандон бояд пешниҳоди худро то 30 майи соли 2014 ба нишонии: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А бо қайди “Ба озмуни тарҳи тангаҳои хотиравӣ” дар рӯи лифофа манзур намоянд. Маводи пешниҳодшаванда бояд бо назардошти шартҳои озмун омода гарданд. Яъне: Дар паси ҳамаи тангаҳои хотиравӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷойгир карда шавад.
Агар танга ба 600-солагии шоир ва мутафаккири адабиёти классикии тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида шуда бошад;
— дар рӯйи танга расми А.Ҷомӣ (ҳатмӣ) ва вобаста ба тахайюлоти рассом дигар чизҳо (китоб, хома ва ғайра) имкони илова намуданро дорад. Соли таваллуд ва вафот ҳатмӣ аст.
Ба 700-солагии шоир, файласуф ва мутафаккири асри XIV Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ:
— дар рӯйи танга расми Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (ҳатмӣ) ва дигар иловаҳо имконпазир аст. Соли таваллуд ва вафот ҳатмӣ аст.
Бахшида ба 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— дар рӯйи танга адади 20-сол бо ададҳои римӣ ё арабӣ (ҳатмӣ). Дигар чизҳо (китоб, харитаи кишвар ва ғайра) дар ин мавзӯъ имкони илова намудан дорад.
Вобаста ба 90-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе:
— дар рӯйи танга адади 90-сол бо ададҳои римӣ ё арабӣ (ҳатмӣ), расми иншоотҳои навин ё таърихӣ, ҳайкалҳо, биноҳои маъмурӣ ё таърихии дар шаҳри Душанбе имкони илова намуданро дорад.
Арзиш бо сомонӣ дар рӯйи ҳамаи тангаҳо бо хоҳиши иштирокчии озмун нишон дода шавад (ҳатмӣ) (арзиш баъдан муайян мешавад).
Озмун 1 июни соли 2014 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад. Хоҳишмандон метавонанд аз тариқи телефони +(992) 44-600-31-21 маълумоти лозимиро дастрас намоянд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






