Тарҳи тангаҳои хотиравӣ

Май 19, 2014 10:09

  Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳияи тарҳи тангаҳои хотиравӣ бахшида ба 600-солагии шоир ва мутафаккири адабиёти классикии тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии шоир, файласуф ва мутафаккири асри XIV Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.      
    Тавре ки аз хадамоти матбуоти бонк хабар доданд, хоҳишмандон бояд пешниҳоди худро то 30 майи соли 2014 ба нишонии: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А бо қайди “Ба озмуни тарҳи тангаҳои хотиравӣ” дар рӯи лифофа манзур намоянд. Маводи пешниҳодшаванда бояд бо назардошти шартҳои озмун омода гарданд. Яъне: Дар паси ҳамаи тангаҳои хотиравӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷойгир карда шавад. 
     Агар танга ба 600-солагии шоир ва мутафаккири адабиёти классикии тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида шуда бошад; 
     — дар рӯйи танга расми А.Ҷомӣ (ҳатмӣ) ва вобаста ба тахайюлоти рассом дигар чизҳо (китоб, хома ва ғайра) имкони илова намуданро дорад. Соли таваллуд ва вафот ҳатмӣ аст. 
     Ба 700-солагии шоир, файласуф ва мутафаккири асри XIV Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: 
 — дар рӯйи танга расми Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (ҳатмӣ) ва дигар иловаҳо имконпазир аст. Соли таваллуд ва вафот ҳатмӣ аст. 
     Бахшида ба 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон: 
     — дар рӯйи танга адади 20-сол бо ададҳои римӣ ё арабӣ (ҳатмӣ). Дигар чизҳо (китоб, харитаи кишвар ва ғайра) дар ин мавзӯъ имкони илова намудан дорад. 
 Вобаста  ба 90-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе: 
     — дар рӯйи танга адади 90-сол бо ададҳои римӣ ё арабӣ (ҳатмӣ), расми иншоотҳои навин ё таърихӣ, ҳайкалҳо, биноҳои маъмурӣ ё таърихии дар шаҳри Душанбе имкони илова намуданро дорад. 
     Арзиш бо сомонӣ дар рӯйи ҳамаи тангаҳо бо хоҳиши иштирокчии озмун нишон дода шавад (ҳатмӣ) (арзиш баъдан муайян мешавад). 
Озмун 1 июни соли 2014 дар  Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.  Хоҳишмандон метавонанд аз тариқи телефони +(992) 44-600-31-21 маълумоти лозимиро дастрас намоянд. 
 
 
 
 
 
 

Май 19, 2014 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад