Тарбияи мутахассисони бонкҳо
Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Чанде пеш кормандони намояндагии Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар вилояти Суғд бо хатмкунандагони макотиб ва донишҷӯёни донишкадаҳои олӣ вохӯрданд.
Вохӯрӣ таҳти шиори «Тарбияи мутахассисони бонкҳо» сурат гирифт.
Тавре ки аз «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин чорабинӣ беш аз 50 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, соҳибкорӣ ва сиёсат, Донишгоҳи иқтисод ва савдо, ҳамчунин Донишгоҳи давлатии тиҷорат ширкат доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот муовинони раиси намояндагии «Амонатбонк» дар вилояти Суғд Мавзуна Раҳимова ва Бадриддин Аминов ба донишҷӯён аз хусусиятҳои фаъолият дар муассисаҳои молиявӣ нақл карданд.
Қобили зикр аст, ки дар намояндагии «Амонатбонк» дар вилояти Суғд 622 нафар кор мекунанд, ки 61 фоизи онро кормандони ҷавон ташкил дода, онҳо ба рушди умури бонкӣ ва иқтисоди кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Дар анҷоми мулоқот донишҷӯён перомуни дохил шудан ба кор дар муассисаҳои «Амонатбонк» ва дурнамои фаъолияташон дар ин росто саволҳои зиёде доданд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






