Тарбияи мутахассисони бонкҳо

Май 29, 2014 13:34

Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). —  Чанде  пеш  кормандони намояндагии Бонки  давлатии  амонатгузории  «Амонатбонк» дар вилояти  Суғд  бо  хатмкунандагони   макотиб ва донишҷӯёни  донишкадаҳои  олӣ  вохӯрданд. 
Вохӯрӣ  таҳти  шиори «Тарбияи  мутахассисони  бонкҳо»  сурат  гирифт.
Тавре  ки  аз «Амонатбонк»  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  дар  ин  чорабинӣ  беш  аз 50  нафар  донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии  шаҳри  Хуҷанд  ба  номи  Бобоҷон  Ғафуров, Донишгоҳи  давлатии  ҳуқуқ,  соҳибкорӣ ва  сиёсат, Донишгоҳи  иқтисод  ва  савдо,  ҳамчунин   Донишгоҳи давлатии  тиҷорат  ширкат  доштанд.
Дар  ҷараёни  мулоқот  муовинони раиси  намояндагии «Амонатбонк» дар  вилояти  Суғд  Мавзуна  Раҳимова  ва  Бадриддин  Аминов   ба  донишҷӯён  аз  хусусиятҳои  фаъолият  дар  муассисаҳои   молиявӣ   нақл  карданд. 
Қобили  зикр  аст, ки дар  намояндагии «Амонатбонк»  дар  вилояти  Суғд 622  нафар  кор  мекунанд, ки  61  фоизи  онро  кормандони  ҷавон  ташкил  дода,  онҳо  ба  рушди умури  бонкӣ  ва иқтисоди  кишвар  саҳми  арзанда  мегузоранд.
Дар  анҷоми  мулоқот  донишҷӯён   перомуни дохил  шудан  ба кор  дар  муассисаҳои  «Амонатбонк» ва дурнамои  фаъолияташон  дар  ин  росто  саволҳои  зиёде доданд.

Май 29, 2014 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд