Таърихи гузаштагон бо Қалъаи Хуҷанд алоқаи зич дорад

Май 3, 2014 10:38

Душанбе, 03.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади ошноӣ пайдо намудан ба мавзеи таърихии маркази вилоят, қалъаи Хуҷанд ташриф овард.
Қалъаи Хуҷанд таърихи наздик сеҳазорсола дошта, саҳфаҳои пурғановату рангини таърихи гузаштагон бо ин мавзеъ алоқаи зич дорад.
Дар гузашта шаҳри Хуҷанд бо номҳои Хварчанд, Хваканта, Хубҷамъ ва Хуҷанд дар тамоми олам маъруфу машҳур буд. Қалъаи Хуҷанд асосан барои таъмини амнияти шаҳр истифода гардида, лашкаркашон ин мавзеъро ҳамчун пойгоҳи асосӣ истифода менамуданд.
Дар шафати қалъа аз соли 1935 инҷониб боғи истироҳативу фароғатӣ амал менамояд. Бино ба иттилои таърихнигорон сокинони Хуҷанди бостони ҷашну тантанаҳои мардумиро маҳз дар ҳамин мавзеъ таҷлил менамуданд, ки имрӯз ҳамчун боғи Камоли Хуҷандӣ маъруфияти бештар дорад.
Роҳбари вилоят таъкид кард, ки ин мавзеъ инъикосгари таърихи гузаштаи дуру наздики маркази вилоят ба ҳисоб меравад, аз ин лиҳоз моро зарур аст, ба хотири гиромидошт ва пос доштани таъриху фарҳанги миллии худ ин маконро обод намуда, ҳамчунин  баҳри ҳифзи он чораҳои зарурӣ андешем.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Май 3, 2014 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик