Таърихи гузаштагон бо Қалъаи Хуҷанд алоқаи зич дорад
Душанбе, 03.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади ошноӣ пайдо намудан ба мавзеи таърихии маркази вилоят, қалъаи Хуҷанд ташриф овард.
Қалъаи Хуҷанд таърихи наздик сеҳазорсола дошта, саҳфаҳои пурғановату рангини таърихи гузаштагон бо ин мавзеъ алоқаи зич дорад.
Дар гузашта шаҳри Хуҷанд бо номҳои Хварчанд, Хваканта, Хубҷамъ ва Хуҷанд дар тамоми олам маъруфу машҳур буд. Қалъаи Хуҷанд асосан барои таъмини амнияти шаҳр истифода гардида, лашкаркашон ин мавзеъро ҳамчун пойгоҳи асосӣ истифода менамуданд.
Дар шафати қалъа аз соли 1935 инҷониб боғи истироҳативу фароғатӣ амал менамояд. Бино ба иттилои таърихнигорон сокинони Хуҷанди бостони ҷашну тантанаҳои мардумиро маҳз дар ҳамин мавзеъ таҷлил менамуданд, ки имрӯз ҳамчун боғи Камоли Хуҷандӣ маъруфияти бештар дорад.
Роҳбари вилоят таъкид кард, ки ин мавзеъ инъикосгари таърихи гузаштаи дуру наздики маркази вилоят ба ҳисоб меравад, аз ин лиҳоз моро зарур аст, ба хотири гиромидошт ва пос доштани таъриху фарҳанги миллии худ ин маконро обод намуда, ҳамчунин баҳри ҳифзи он чораҳои зарурӣ андешем.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






