Ташкили марказҳои омӯзиши қолинбофӣ дар Душанбе
Душанбе, 23.05.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Дар Душанбе марказҳои омӯзиши қолинбофии дастӣ бо ҷалби мутахассисони эронӣ ташкил мешавад.Дар иртибот ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе ба муовинонаш дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала то даҳаи аввали моҳи июли соли равон тадбирҳо андешанд. Инчунин шаҳрдорӣ раисони чор ноҳияи пойтахтро муваззаф намудааст, ки марказҳои касбии калонсолонро дар доираи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ-косибӣ: қолинбофӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанӣ, истеҳсоли армуғон, заргарӣ ва дигар навъҳои косибӣ бо ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ таъсис диҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи ташкили марказҳои омӯзиши қолинбофии дастӣ дар пойтахт, ки аз Паёми Президенти кишвар ба Парлумон бармеояд, ба роҳ мондани истеҳсол ва фурӯши қолинҳои дастии истеҳсоли ватанӣ, ҷалби занон ва духтарони маҳаллӣ ба кор ва беҳдошти вазъи иҷтимоии хонаводаҳост.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






