Таъсиси Шӯрои миллӣ оид ба нуфус ва рушд
Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар). – Бо ибтикори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар кишвар Шӯрои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд таъсис ёфт.
Тавре ки аз намояндагии Бунёди Созмони Милали Муттаҳид дар бахши нуфус хабар доданд, шӯрои мазкур иборат аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ мебошад.
Мақсад аз таъсиси Шӯрои миллӣ вусъат бахшидани ҳамкории байниидоравӣ барои тарҳрезӣ ва татбиқи санадҳои қонунгузорӣ, иҷрои вазифаҳои муштарак барои муҳокимаи масоили нуфус ва рушд, таҳлили муштараки иҷрои қонун дар бахши нуфус ва рушд мебошад.
Чунин сохторҳои миллӣ таъсис ёфта ва дар доираи парлумонҳои кишварҳои дигари минтақаи Осиё фаъолият доранд, вале дар Тоҷикистон Шӯрои миллӣ бори нахуст аъзои парлумон ва намояндагони шохаҳои дигари ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандиро муттаҳид намуд. Шӯрои миллӣ ба афзун намудани ҳуқуқҳои ҳар фард барои ҳаёти арзанда ва ҳуқуқу имкониятҳои гуногун саҳми назаррас мерасонад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






