Тоҷикистон бо Шэнси масъалаҳои тиҷоратиро баррасӣ кард
Душанбе, 28.05.2014. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).-Имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии тиҷоратии доираи соҳибкорони музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо намояндагони соҳибкори тоҷик баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндаи Палатаи савдо ва саноати кишвар, Вазорати кишоварзӣ ва академияи кишоварзӣ, Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҶМЧ) дар Тоҷикистон ширкат намуданд. Ҳайати тиҷоратию иқтисодии ҶМЧ иборат аз 30 нафар буда, онро роҳбари идораи тиҷоратии Шэнси Яо Чаонин сарварӣ намуд. Ҳадафи сафари навбатии соҳибкорони музофоти Шэнси ба Тоҷикистон-ошно гаштан бо иқтидори иқтисодӣ ва маблағгузории Тоҷикистон, ба имзо расонидани созишномаҳои корӣ бо сохторҳои тиҷоратии кишвар, матраҳ намудани имкониятҳои дуҷониба ва барпо намудани муносибатҳои нав дар соҳаҳои тиҷорат, маблағгузорӣ, саноати сабук ва бофандагӣ, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва сайёҳӣ мебошад. Тавре ки Асаналӣ Карамалиев, муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ниҳоди онҳо рӯзҳои наздик ният дорад бо Департаменти тиҷоратии музофоти Шэнси барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистон созишномаеро ба имзо расонад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






