Тоҷикистон — такягоҳи сулҳ

Май 19, 2014 15:17

Душанбе, 19.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Ҳифз ва таҳкими сулҳу дӯстӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯсту ватанпараст, хусусан ҷавонон аст»,-чунин зикр шуд дар ҷараёни баргузории кофронси илмӣ, ки дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур  таҳти унвони «Тоҷикистон- такягоҳи сулҳ» баргузор гардид.
   Ин ҳамоиш, ки дар он ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур иштирок доштанд, бо ибтикори Ташкилоти ҷамъитии «Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» созмон дода шуд. Саломат Мироқилова-муовини аввали ин ниҳод доир ба нақши ташкилоти ҷамъитии «Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби пойдории сулҳу ваҳдат, ғояҳои сулҳпарварона, зиндагии осоишта, муносибати нек ба ҳамдигар, саҳм доштани ҷомеа дар таъмини сулҳу субот ва якпорчагиву ваҳдати миллии кишвар ибрози назар намуд.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар эътироф шудааст. Ин аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар  арсаи байналмилалӣ мавриди омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷониба қарор дорад ва ҳатто таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бархе аз кишварҳое, ки ба  низоъҳои дохилӣ рӯ ба рӯанд, мавриди истифода қарор дода мешавад.
 Ҳамзамон дар конфронс Гавҳар Шарофзода-раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурӣ, Амонулло Салимов-ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  ва дигарон доир ба таҳкими сулҳу оромӣ, дӯстиву ваҳдати миллӣ ибрози назар намуда, ҷавононро ба ҳифзи субот ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ҳидоят намуданд.

Май 19, 2014 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!