Тоҷикистону Беларус-дар арзҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ
Душанбе, 19.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Масоили тақвияти густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмию адабӣ дар доираи ҷамъиятҳои дӯстии Тоҷикистону Беларус зимни мулоқоти Сайдулло Хайруллоев-раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ /ҶДРФТ/ бо Олга Гаврук -сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардиданд.
Сайдулло Хайруллоев ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус дар соҳаҳои мухталиф баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки дар баробари таҳкими равобити мутақобилан судманд, мо бояд дар бахшҳои фарҳанг ва илму маориф ҳамкориҳоро тақвият бахшем. Заминаҳои нави робитаҳоро дар доираи ҷамъиятҳои дӯстии мазкур ва ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус муайян ва нақшаҳои ояндаро баррасӣ намуда, нақшаи баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангии дуҷонибаро дар ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои дӯстии ҳар ду кишвар матраҳ созем.
Раиси Ҷамъияти дӯстӣ таъкид кард, ки байни Тоҷикистон ва Беларус ҳамкории дӯстона вуҷуд дорад ва он аз муносибати самимӣ ва содиқонаи роҳбарияти олии ду кишвар маншаъ мегирад. Дар ин замина мардумони тоҷику беларус низ дар партави робитаҳои дӯстона ва ҳасанаи сарварони кишварҳои худ ба ҳамдигар муносибати нек доранд.
Олга Гаврук -Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус таъкид кард, ки Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаи таҳким бахшидани муносибот дар доираи ҷамъиятҳои дӯстист.
Ҳамзамон Ҳайдар Одинаев -ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Анвар Абдурасулов-раиси ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Беларус», Олег Вонсяк -муовини сафири Беларус дар Тоҷикистон, инчунин Мушаррафа Шарифова -муовини раиси Раёсати ҶДРФТ доир ба тавсеаи муносиботи фарҳангӣ ва илмиву адабии ду кишвар дар доираи ҷамъиятҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду давлат табодули назар намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






