Туҳфа ба қисми ҳарбии 2611
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар арафаи таҷлили 20-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат дар қароргоҳи қисми низомии 2611-и ин ниҳоди қудратӣ бо ҳайати шахсӣ вохӯрӣ намуданд.
Вазири мудофиаи мамлакат, генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо изҳор намуд, ки бо дастгирии доимӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон Қӯшунҳои сарҳадӣ имрӯз ба як неруи бузург ва ҳимоятгари боэътимоди марзҳои давлати соҳибистиқлоламон табдил ёфтааст.
Дар ҷараёни чорабинии мазкур бо фармони вазири мудофиа ба ҳайати шахсии қисми ҳарбии 2611 ду адад телевизори ранга, моҳвора бо тамоми таҷҳизоташ ва ду адад дивидӣ тақдим карда шуд. Илова бар ин, аз ҷониби ротаи Қаровули фахрии Полки комендантии Вазорати мудофиа, дар назди ҳозирин ҳаракатҳои мавзуни низомӣ намоиш дода шуданд.
Чун оини доимии низомиён расми гузашти ҳарбии афсарону сарбозон аз назди ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ анҷомбахши вохӯрии масъулин бо ҳайати шахсӣ гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






