У. Латипов: «Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд касб дошта бошанд»

Май 6, 2014 09:34

Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои дарозмуддат ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои олии кишвар бояд аз фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини амнияти миллӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони кишвар, таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ иборат бошанд»,-баён дошт Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон 23 апрел дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ.Таассуроти худро аз Паёми имсола муовини сардори раёсати ташкилию таҳлилии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Усмоналӣ Латипов ба мо чунин баён намуд:-Паёми имсолаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чун ҳарсола пурмуҳтаво буд ва ба ман таъкиди Президент дар бораи дастгирии истеҳсолоти дохилӣ хеле хуш омад. Президенти кишвар баён дошт, ки бунёди чандин корхонаи истеҳсоли сементро бо иқтидори умумии зиёда аз 6 миллион тонна дар як сол дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ба нақша гирифта, бо ҳамин роҳ на танҳо талаботи дохилӣ қонеъ гардонида мешавад, балки имкони содироти он низ ба вуҷуд меояд. Ин инчунин имкон медиҳад, ки садҳо ҷойҳои кории нав пайдо шуда, нархи маҳсулотҳо ба қадри имкон арзон гардад. Президент дар Паёми худ ба ифтитоҳ ва бунёди корхонаҳо диққат дод, ки ин, албатта, боз барои бо кор таъмин намудани мардуми кишвар мусоидат хоҳад кард. Ҳалли масъалаи бо кор таъмин кардан мушкилоти ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандони Тоҷикистонро низ ҳал хоҳад кард. Дар Паёми имсола, аз ҷумла ба муносибат бо давлатҳои бо мо дӯст ва ҳамсоя диққати бештар дода шуд. Ба қавли Сарвари Давлат тавсеаву рушд ва густариши муносиботи дарозмуддату босуботи Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва шарики асосии стратегии мо — Федератсия Русия низ аз ҳадафҳои асосии мост. Аслан сатҳ, мазмун ва муҳтавои равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русияро на танҳо манфиатҳои геополитикӣ ва прагматизми иқтисодӣ, балки ҳамчунин заминаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва пайвандҳои инсонӣ муайян месозанд.Инчунин дар ин Паём ба касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ диққат дода шуд, зеро имрӯз бештари муҳоҷирони мо бе ягон касбу кори муносиб ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Дар робита ба ин ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супориш дода шуд, ки корро дар самти касбомӯзии муҳоҷирон беҳтар ба роҳ монанд.

Май 6, 2014 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд