Ваҳдати миллӣ ва мақоми он дар ғалаба дар ҶБВ
Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар, Лайло Тоирӣ). — Имрӯз , 22 май, дар вилояти Нижный Новгороди Федератсияи Русия конфронси илмии шаҳрии «Ваҳдати миллӣ ва мақоми он дар ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ» баргузор мегардад.
Конфронс бо ибтикори Созмони минтақавии ҷамъиятии «Конгресси халқҳои форсизабон» якҷоя бо Осорхонаи таърихи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Қувваҳои мусаллаҳи Созмони минтақавии Нижный Новгород ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ин вилоят роҳандозӣ мешавад.
Тавре ки раиси Созмони минтақавии ҷамъиятии «Конгресси халқҳои форсизабон» Эраҷ Боев хабар дод, мақсад аз ин чорабинӣ иборат аз инъикоси мақоми ваҳдати миллӣ дар Ғалабаи бузург, шиносоии мардуми Русия бо саҳми намояндагони миллатҳои гуногун, аз ҷумла саҳми халқи тоҷик ба ҳифзи Ватан мебошад.
Қобили зикр аст, ки халқи Тоҷикистон ҳам дар ҷабҳа ва ҳам дар ақибгоҳ ба ғалабаи умумӣ ҳисса гузоштааст.
Дар кори конфронс намояндагони муассисаҳои илмӣ, кишваршиносон, муаррихони соҳаи ҳарбӣ, роҳбарони ҷамъиятҳои фарҳанги миллии минтақа ва хонандагони муассисаҳои таҳсилотӣ иштирок менамоянд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






