Варзиш -омили ташаккули ҳаёти солим

Май 20, 2014 10:30

Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар  варзишгоҳи Маркази тибби шаҳрии Душанбе бахшида ба зодрӯзи Абуалӣ ибни  Сино,  рӯзи  иди касбии табибони тоҷик, 90-солагии шаҳри Душанбе ва соли рушди футбол  мусобиқаи шашуми футболи хурд байни дастаҳои  муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар оғоз гардид. Ин мусобиқот аз 10 то 21 маи соли равон байни 17 дастаи муассисаҳои тандурустӣ  ҷараён мегирад . 
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорат,  дар маросими ифтитохи  мусобиқа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров, муовини  раиси шаҳри Душанбе Руқия Қурбонова, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Бобоқул Мӯминов ва масъулини дигар идораву муассисаҳо иштирок намуданд. 
Дар маросим зикр гардид, ки  машғул шудан ба футбол  ва дигар намудҳои варзиш омили асосии ташаккули тарзи ҳаёти солим аст.
Пагоҳ, 21 май мусобиқа ҷамъбаст гардида, ғолибони он  бо туҳфаҳои  вазорат ва иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ сарфароз хоҳанд шуд.

Май 20, 2014 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст