Варзиш -омили ташаккули ҳаёти солим
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар варзишгоҳи Маркази тибби шаҳрии Душанбе бахшида ба зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино, рӯзи иди касбии табибони тоҷик, 90-солагии шаҳри Душанбе ва соли рушди футбол мусобиқаи шашуми футболи хурд байни дастаҳои муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар оғоз гардид. Ин мусобиқот аз 10 то 21 маи соли равон байни 17 дастаи муассисаҳои тандурустӣ ҷараён мегирад .
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорат, дар маросими ифтитохи мусобиқа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров, муовини раиси шаҳри Душанбе Руқия Қурбонова, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Бобоқул Мӯминов ва масъулини дигар идораву муассисаҳо иштирок намуданд.
Дар маросим зикр гардид, ки машғул шудан ба футбол ва дигар намудҳои варзиш омили асосии ташаккули тарзи ҳаёти солим аст.
Пагоҳ, 21 май мусобиқа ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо туҳфаҳои вазорат ва иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ сарфароз хоҳанд шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






