ВКД: мусодираи зиёда аз 37 кг маводи нашъаовар
Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Дирӯз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда 37 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Тавре ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Душанбе мошини тамғаи “Mersedes — Bens” зери идораи сокини 42-солаи ноҳияи Восеъ шаҳрванд Фатҳулло Сатторов боздошт гардид.
Ҳангоми кофтукови мошин аз дохили он 24 кг 660 грамм маводи нашъаовари навъи ҳашиш ва 9 кг 650 грамм маводи нашъадори сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки маводи нашъадори мазкур ба ронанда ва мусофири он Нуралӣ Муродов, сокини 49-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ тааллуқ доранд.
Ҳамчунин дар вақти гузаронидани як чорабинии фаврии дигар дар ҳудуди шаҳри Конибодом сокини 37-солаи ноҳияи Ашт Ҳақиқатхон Урмонова бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дастгиршуда 2 кг 805 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Дар маҷмӯъ маводи нашъадори мусодирашуда 37 кг 115 граммро ташкил медиҳанд.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи 200 қ. 4 (муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ё моддаи псхотропӣ бо мақсади фурӯш) оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






