ВКД оид ба ҳодисаи Хоруғ

Май 22, 2014 08:20

Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар»). Рӯзи 20-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ванҷ шаҳрванд Ширинбеков Ширинбек, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон, деҳаи Сучон, барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори 16 кг («ҳашиш» ва «бангдона») дастгир гардида, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.    
Дар натиҷаи гузаронидани амалҳои тафтишотӣ ӯ дар нишондодаш баён кард, ки як ҳафта пеш  шаҳрванд Шанбиев Мунаввар, соли таваллудаш 1972, ҳамдеҳааш, бо як автомашинаи «Ҷип»-и рангаш сиёҳ омада, ба ӯ ин миқдор маводи мухаддирро дода фармудааст, ки ба шаҳри Душанбе интиқол диҳад, ки ӯро дар он ҷо интизор мешаванд.   
Нишондоди Ширинбеков Ш. пурра дар рафти тафтишот ба навор гирифта шуда, ў дар иштироки ҳимоячӣ ва холисон пурсида шудааст. Рӯзи 21 майи соли 2014 сардори ШВКД дар шаҳри Хоруғ Бахтидавлатов Б. мехоҳад Шанбиев Мунавварро  барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун гумонбар дастгир намояд.
Рўзи 21-уми майи соли 2014, соатҳои 11-и рӯз Шанбиев М., бо ду нафар ҳаммаслаконаш аз назди бинои Ҳукумати шаҳри Хоруғ ба тарафи Шўъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ бо ҳамон автомашинаи тамғаи «Ҷип»-и сиёҳ ҳаракат менамояд. Гурӯҳи оперативии Шўъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ мехоҳанд ӯро манъ намоянд.
Аммо Шанбиев М. автомашинаро манъ накарда, ба болои кормандони Шўъбаи мазкур ронда бо автомашинаи хизматӣ бармехӯрад. Дар ин ҳолат аз автомашинаи ӯ Худоихонов Собир соли таваллудаш 1976, зода ва истиқоматкунандаи Хоруғи боло ва Абдурасулов Фрайдун соли таваллудаш 1974, сокини шахри Хоруғ боистифода аз яроқи оташфишон тарафи кормандони милитсия муқовимат нишон дода, як чанд бор тир холӣ мекунанд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса ду корманди Шўъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ Ниёзбеков Давид ва Кушанбеков Хушвахт, инчунин ду корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсия Зеваршоев Маъруф ва Ҳамроев Алишо захмдор мешаванд. Бинобар ҳамин кормандони милитсия аз яроқ оташ мекушоянд. Дар натиҷа Худоихонов Собир ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардошта дар беморхонаи шаҳри Хоруғ бистарӣ карда мешаванд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса як гурўҳ ҷавонони шаҳри Хоруғ  ба ҷойи ҳодиса омада, аввал автомашинаи хизматиро ва баъдан бинои Шўъбаи ВКД, Прокуратура ва Суди вилоятро оташ мезананд, ки дар биноҳои мазкур сӯхтор ба амал меояд.
Ҷамъомадагон муддати 3-4 соат автомашинаҳои оташхомӯшкуниро наздик омадан намемонанд.
Ҳангоми бетартибиҳо ва гирифтани пеши роҳи издиҳоми гурӯҳи одамон дар назди Шўъбаи ВКД-и ш.Хоруғ, коромӯзи шўъбаи мазкур Ашуров Гавҳар Ёрмамадович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Хоруғ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта,  дар беморхонаи вилоятӣ  ҳалок гардид.     
Аз тарафи Прокуратураи генералӣ, ВКД ва КДАМ гурўҳи тафтишотӣ-оперативӣ таъсис дода шуда, барои тафтиши ҳодисаи номбурда сафарбар карда шудааст.
 
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Май 22, 2014 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад