ВКД оид ба ҳодисаи Хоруғ
Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар»). Рӯзи 20-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ванҷ шаҳрванд Ширинбеков Ширинбек, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон, деҳаи Сучон, барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори 16 кг («ҳашиш» ва «бангдона») дастгир гардида, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалҳои тафтишотӣ ӯ дар нишондодаш баён кард, ки як ҳафта пеш шаҳрванд Шанбиев Мунаввар, соли таваллудаш 1972, ҳамдеҳааш, бо як автомашинаи «Ҷип»-и рангаш сиёҳ омада, ба ӯ ин миқдор маводи мухаддирро дода фармудааст, ки ба шаҳри Душанбе интиқол диҳад, ки ӯро дар он ҷо интизор мешаванд.
Нишондоди Ширинбеков Ш. пурра дар рафти тафтишот ба навор гирифта шуда, ў дар иштироки ҳимоячӣ ва холисон пурсида шудааст. Рӯзи 21 майи соли 2014 сардори ШВКД дар шаҳри Хоруғ Бахтидавлатов Б. мехоҳад Шанбиев Мунавварро барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун гумонбар дастгир намояд.
Рўзи 21-уми майи соли 2014, соатҳои 11-и рӯз Шанбиев М., бо ду нафар ҳаммаслаконаш аз назди бинои Ҳукумати шаҳри Хоруғ ба тарафи Шўъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ бо ҳамон автомашинаи тамғаи «Ҷип»-и сиёҳ ҳаракат менамояд. Гурӯҳи оперативии Шўъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ мехоҳанд ӯро манъ намоянд.
Аммо Шанбиев М. автомашинаро манъ накарда, ба болои кормандони Шўъбаи мазкур ронда бо автомашинаи хизматӣ бармехӯрад. Дар ин ҳолат аз автомашинаи ӯ Худоихонов Собир соли таваллудаш 1976, зода ва истиқоматкунандаи Хоруғи боло ва Абдурасулов Фрайдун соли таваллудаш 1974, сокини шахри Хоруғ боистифода аз яроқи оташфишон тарафи кормандони милитсия муқовимат нишон дода, як чанд бор тир холӣ мекунанд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса ду корманди Шўъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ Ниёзбеков Давид ва Кушанбеков Хушвахт, инчунин ду корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсия Зеваршоев Маъруф ва Ҳамроев Алишо захмдор мешаванд. Бинобар ҳамин кормандони милитсия аз яроқ оташ мекушоянд. Дар натиҷа Худоихонов Собир ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардошта дар беморхонаи шаҳри Хоруғ бистарӣ карда мешаванд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса як гурўҳ ҷавонони шаҳри Хоруғ ба ҷойи ҳодиса омада, аввал автомашинаи хизматиро ва баъдан бинои Шўъбаи ВКД, Прокуратура ва Суди вилоятро оташ мезананд, ки дар биноҳои мазкур сӯхтор ба амал меояд.
Ҷамъомадагон муддати 3-4 соат автомашинаҳои оташхомӯшкуниро наздик омадан намемонанд.
Ҳангоми бетартибиҳо ва гирифтани пеши роҳи издиҳоми гурӯҳи одамон дар назди Шўъбаи ВКД-и ш.Хоруғ, коромӯзи шўъбаи мазкур Ашуров Гавҳар Ёрмамадович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Хоруғ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи вилоятӣ ҳалок гардид.
Аз тарафи Прокуратураи генералӣ, ВКД ва КДАМ гурўҳи тафтишотӣ-оперативӣ таъсис дода шуда, барои тафтиши ҳодисаи номбурда сафарбар карда шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад






