Вохӯрӣ пас аз 22 сол
Душанбе, 05.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 3 майи соли 2014 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии кормандон бо собиқадори Вазорати корҳои дохилӣ — подполковники милитсия, нависанда Хамдохова Олга Александровна, ки дар Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 сол кор кардааст, баргузор гардид.
Олга Хамдохова дар вохӯрӣ баён дошт, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсони ҷасур ва диловар кор мекунанд ва ин кор аз кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ дониши мукаммал, маҳорати баланди касбӣ, зиракӣ, садоқатмандӣ ва поквиҷдонӣ талаб мекунад.
Олга Хамдохова ба Тоҷикистон баъди 22 сол омадаааст.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти агентӣ иттилоъ доданд, дар айни ҳол Олга Хамдохова дар шаҳри Майски Ҷумҳурии Қабардину Балқари Федератсияи Русия зиндагӣ дорад ва баъди ба нафақа баромадан, дар бораи роҳҳои кушодани ҷиноятҳо ва пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ китоб менависад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






