Вохӯрии Қ.Расулзода бо афсарони Омўзишгоҳи олии сарҳадии КДАМ
Душанбе, 28.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар рўзҳои таҷлил аз 20- умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат имрўз як гўруҳ афсароне, ки баъди хатми Омўзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нав соҳиби рутба ва шаҳодатномаи хатм шудаанд, баҳри хизмат дар марзҳои мамлакат омода гардиданд. Дар чорабинии тантанавӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, роҳбарону масъулони сохторҳои амнияту сарҳад ва волидайну наздикони афсарони хатмкунанда иштирок намуданд.Омўзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи муассисаҳои олии таълимии мамлакат ба ҳисоб рафта, имсол 11-умин гурӯҳи хатмкунандагони хешро баҳри адои хизмат ба марзҳои мамлакат ва дигар бахшҳои сарҳадӣ равона менамояд. Ба муносибати таҷлили 20- умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат дар Омўзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон маросими супоридани диплом ва рутбаҳои хизматӣ ба хатмкунандагони ин муассисаи таълимии ҳарбӣ доир гардид. Омўзишгоҳи мазкурро имсол 89 афсар хатм намуда, соҳиби рутбаи хизматии лейтинант гардиданд. Дар маросими супоридани диплом ва нишони сари синагии афсарӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода сухан гуфта, афсаронро бо иди касбӣ ва 20-умин солгарди таъсиси Қўшунҳои сарҳадӣ шодбош гуфт. Сарвазири мамлакат бо ёдоварӣ аз талошҳои пайваста ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ дар роҳи таъсис ва ташаккули неруҳои марзбонии мамлакат изҳор дошт, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар оянда низ барои беҳдошти шароити хизмати марзбонон ва баланд бардоштани савияи дониши касбии онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳанд намуд. Мавриди зикр аст, ки омўзишгоҳи мазкур аз соли 2001- ум амал намуда, ҳамасола беш аз 100 нафар афсар ин даргоҳи таълимии низомиро хатм намуда, баҳри хизмат ба Ватан-Модар омода мегарданд. Дар Омўзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 7 кафедра мавҷуд буда, дар кафедраҳо вобаста ба талаботи соҳа мутахасисони баландихтисоси марзбонӣ таълим мегиранд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар идома аз шароити таълимӣ ва хобу хўроки таълимгирандагони омўзишгоҳ дидан кард. Дар омўзишгоҳ барои 450 нафар хобгоҳ амал намуда, толорҳои варзишию таълимӣ ва ошхона дорои шароитҳои хубу замонавӣ мебошанд. Тавре ки таъкид гардид, дар оянда масъулин тасмим доранд, ки дар омўзишгоҳ мутахассисони соҳаи ақибгоҳ, алоқачӣ ва дигар мутахассисони баландихтисоси барои соҳаи марзбонӣ заруриро омода намоянд.