Вохӯрии ҷавонони ҳизбҳои сиёсӣ бо намояндагони САҲА

Май 22, 2014 09:49

Душанбе, 22.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирӯз дар намояндагии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон бо аъзои ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони кор бо ҷавонони ҳизбҳои сиёсии кишвар дар САҲА мизи мудаввар доир шуд. 
Дар мулоқот намояндаи САҲА Роберт Норфолк-Уиттакер, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ аз ҲХДТ, ҲАТ, ҲУСДТ ва ҲНИТ иштирок намуданд.
Тавре ки дар ин бора аз намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт хабар доданд, Роберт Норфолк-Уиттакер ба ҷавонони ҳизбҳои сиёсии кишвар оид ба фаъолияти Парламент ва ҳизбҳои сиёсии Британияи Кабир тавассути тақдим (презентатсия) маълумот дода, дар анҷоми чорабинӣ байни ҷавонони ҳизбӣ  ва намояндаи САҲА  саволу ҷавоб доир шуд. 
    Дар назар аст, ки дар вохўрии минбаъда намояндагони САҲА оид ба  фаъолияти парламент ва ҳизбҳои сиёсии Норвегия ба ҷавонони ҳизбҳои сиёсии мамлакат маълумот диҳанд.
     Гуфта мешавад, ки намояндагии САҲА дар шаҳри Душанбе дар рӯзҳои наздик бо намояндагони ҳизбҳои сиёсии минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон низ сари як мизи гирд дидор анҷом медиҳад.
 
 
 

Май 22, 2014 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад