Вохӯрии ҷавонони ҳизбҳои сиёсӣ бо намояндагони САҲА
Душанбе, 22.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирӯз дар намояндагии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон бо аъзои ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони кор бо ҷавонони ҳизбҳои сиёсии кишвар дар САҲА мизи мудаввар доир шуд.
Дар мулоқот намояндаи САҲА Роберт Норфолк-Уиттакер, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ аз ҲХДТ, ҲАТ, ҲУСДТ ва ҲНИТ иштирок намуданд.
Тавре ки дар ин бора аз намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт хабар доданд, Роберт Норфолк-Уиттакер ба ҷавонони ҳизбҳои сиёсии кишвар оид ба фаъолияти Парламент ва ҳизбҳои сиёсии Британияи Кабир тавассути тақдим (презентатсия) маълумот дода, дар анҷоми чорабинӣ байни ҷавонони ҳизбӣ ва намояндаи САҲА саволу ҷавоб доир шуд.
Дар назар аст, ки дар вохўрии минбаъда намояндагони САҲА оид ба фаъолияти парламент ва ҳизбҳои сиёсии Норвегия ба ҷавонони ҳизбҳои сиёсии мамлакат маълумот диҳанд.
Гуфта мешавад, ки намояндагии САҲА дар шаҳри Душанбе дар рӯзҳои наздик бо намояндагони ҳизбҳои сиёсии минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон низ сари як мизи гирд дидор анҷом медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






