Вохӯрии чоруми сеҷонибаи Ташаббуси АҚТ

Май 30, 2014 09:50

Душанбе, 30.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии чоруми сеҷонибаи шахсони мансабдори калони сохторҳои зиддимухаддиротии Ташаббуси Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон (АҚТ) баргузор гардид, ки дар кори он инчунин намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд. Вохӯрӣ дар чорчӯбаи таҳияи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ- «Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя барои солҳои 2011-2014» гузаронида шуд.
Мақсади асосии вохӯрӣ омода намудани маводе мебошад, ки ба баланд бардоштани ҳамкории самаранок дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва идораи сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон равона   шудаанд.
Маҷмӯи ҳуҷҷатҳо барои баррасӣ дар ҷараёни вохӯрии вазирон -роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон пешниҳод  мешавад, ки он имрӯз, 30 май дар Душанбе баргузор мегардад.  Дар назар аст, ки дар анҷоми вохӯрӣ Протоколи якҷоя ба имзо расад.

Май 30, 2014 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст