Вохӯрии чоруми сеҷонибаи Ташаббуси АҚТ
Душанбе, 30.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии чоруми сеҷонибаи шахсони мансабдори калони сохторҳои зиддимухаддиротии Ташаббуси Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон (АҚТ) баргузор гардид, ки дар кори он инчунин намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд. Вохӯрӣ дар чорчӯбаи таҳияи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ- «Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя барои солҳои 2011-2014» гузаронида шуд.
Мақсади асосии вохӯрӣ омода намудани маводе мебошад, ки ба баланд бардоштани ҳамкории самаранок дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва идораи сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд.
Маҷмӯи ҳуҷҷатҳо барои баррасӣ дар ҷараёни вохӯрии вазирон -роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон пешниҳод мешавад, ки он имрӯз, 30 май дар Душанбе баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар анҷоми вохӯрӣ Протоколи якҷоя ба имзо расад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






