Вохӯрии кормандони ХМ бо сокинони Варзоб

Май 15, 2014 10:07

Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар ноҳияи Варзоб дар мавзӯи «Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва нововариҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия” вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират (ХМ) дар шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Бино ба иттилои  Раёсати Хадамоти муҳоҷират  дар шаҳри Душанбе, дар вохӯрӣ аслан масъалаҳои  навовариҳо дар самти қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия баррасӣ гаштанд. Ҳамарӯза кормандони ин раёсат ба муроҷиаткунандагон, ки азми сафари Русия доранд, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, ба ҳар яке аз онҳо ба тариқи ройгон 13 намуд буклети гуногун оид ба қонунгузории Федератсияи Русияро тақсим мекунанд. Ба иштирокчиёни ҷамъомад ҳамаи паҳлӯҳои қонуни будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар кишвари Русия фаҳмонида шуд.
Дар вохӯрӣ  иштирокчиёни имкон доштанд, андешаҳояшонро дар мавриди мушкилоте, ки шаҳрвандони мо дар Русия дучор мегарданд, бобати надонистани забони русӣ, риоя накардани қонунҳои ин кишвар, надоштани корти муҳоҷиратӣ ва ғайра иброз намоянд.. Онҳо таъкид намуданд, ки пеш аз сафар ба хориҷи кишвар ҳар шаҳрванди мамлакат бояд ҳатман забони давлати воридшударо донад ва аз қонунҳои он бархурдор бошад. 
 Дар вохӯрӣ беш аз 200 нафар сокини ин ноҳия иштирок намуд. 
 
 

Май 15, 2014 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик