Вохӯрии Рустам Назаров бо Аннет Бор

Май 26, 2014 10:10

Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). -Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори агентӣ Рустам Назаров бо намояндаи Маркази тадқиқотии шоҳигарии Британияи Кабир Аннет Бор баргузор гардид.Директори агентӣ ба меҳмонон дар бораи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюли паст рафтани миқдори мусодираи героин ва афзудани мусодираи ҳашиш дар қаламрави Тоҷикистон маълумот дод. Зимни суҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни агентӣ ва вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мубориза бар зидди маводи нашъаовари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва гузаронидани амалиёти муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Инчунин директори агентӣ дар бораи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистифодаи маводи нашъаовар, чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар якҷоягӣ бо ҳампешагони кишвари ҳамсоя баргузор шуданд, нақл кард.

Май 26, 2014 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд