Волейболбозони «Динамо»- соҳиби ҷойи дуюм
Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз 20 то 30 апрели соли равон дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусобиқаи дӯстона оид ба волейбол баргузор гардид. Дар мусобиқа дастаи волейболбозони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тими миллии Афғонистон, тими «Ҷавонони Афғонистон», тими «Шорволии Кобул» ва тими «Ҷавонони Шорволии Кобул» байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.Дастаи волейболбозони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Муҳиб Латипов аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, соҳиби ҷойи дуюм гардид. Ҷойи аввал насиби тими миллии Афғонистон шуда ва ҷойи сеюмро тими «Ҷавонони Афғонистон» ишғол намуд.Дар маросими хатми мусобиқа Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофиддин Имомов ва Президенти Федератсияи волейболи Афғонистон доктор Юнус иштирок намуда, ба ғолибон медалу «Сипоснома»-ҳо супориданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






