Воридоти маҳсулоти Беларус бештар хоҳад гашт

Май 13, 2014 16:05

Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар доираи Рӯзҳои ҳамкориҳои Беларус ва Тоҷикистон, ки аз 12 то 16 май дар ҷумҳурӣ мегузарад,  имрӯз, 13 майи соли 2014 дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» муаррифии иқтидори саноат ва сармоягузории Ҷумҳурии Беларус ва вохӯрии доираҳои тиҷоратии Беларус ва Тоҷикистон баргузор гардид. 
Дар он муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев, Сафири фавқулода ва мухтори Беларус дар Тоҷикистон Олга Гаврук, муовини директори генералии ПСС Беларус оид ба иқтисодиёти хориҷӣ дар Минск  Татяна Дубова, раиси «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода   ва роҳбарони корхонаҳои саноатии Беларус ва Тоҷикистон иштирок доштанд. 
Асаналӣ Карамалиев  зимни муаррифӣ изҳори умед намуд, ки дар оянда ҳамкориҳои доираҳои кории ҳарду мамлакат боз ҳам вусъат ёфта, содирот ва воридоти маҳсулот ба ҳарду мамлакат бештар мегардад. 
Олга Гаврук дар навбати худ баён дошт, ки имрӯз воридоти маҳсулоти Беларус дар Тоҷикистон  хуб ба роҳ монда шудааст. «Хурсандиовар он аст, ки ҳамкорони тоҷики мо ҳамаи ташаббусҳои моро дастгирӣ мекунанд»,-гуфт  Сафири Фавқулода ва Мухтори Беларус дар Тоҷикистон. Вай аз ҷумла, дар бораи маҳсулотҳои истеҳсоли Беларус каме маълумот дода,  барои ҳамкориҳои судманд дар оянда изҳори умед намуд.  
Раиси  «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода аз маҳсулоти Беларус, ки дар Тоҷикистон шӯҳрати бештар дорад, аз қабили Белазу мебел ёдрас шуда, баён намуд, ки меваю сабзавот, пахта ва алюминийи Тоҷикистон низ дар Беларус васеъ истифода мешавад. Тоҷиддин Пирзода зикр намуд, ки «Тоҷиксодиротбонк» калонтарин бонки Тоҷикистон буда,  доираҳои кории Беларус ва Тоҷикистон имкон доранд бевосита амалиёти бонкиашонро аз тариқи ин бонк ба роҳ монанд, зеро ҳамкориҳои байни ду кишвар бе бонк амалӣ намегарданд. 
Татяна Дубова низ дар навбати худ минатдориашро дар ташкил ва баргузории ин чорабинӣ баён намуда, зикр намуд, ки Шӯрои кории  Тоҷикистону Беларус аллакай ду  ҷаласаро дар шаҳри Душанбе баргузор намуда, имсол баргузории ҷаласаи сеюми  Шурои корӣ дар шаҳри Минск дар назар аст. Татяна Дубова раиси палатаи савдо ва саноат ва доираҳои кориро ба ин ҷаласа даъват намуд. 
Дар ин чорабинӣ, аз ҷумла роҳбарони корхонаҳои Беларус дар бораи маҳсулоти истеҳсолии  худ  маълумот доданд. 
Хотиррасон мекунем, ки дар чорабинӣ роҳбарони корхонаҳои калони мошинсозӣ, истеҳсоли мебел ва дигар корхонаҳои Беларус маҳсулоташонро  муаррифӣ намуданд. 
Доираҳои кории Беларус  то 16 май ният доранд бо доираҳои кории на танҳо Душанбе, балки дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон вохӯрда, ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монанд. 
 
 
 
 
 
 

Май 13, 2014 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст