Воридоти мол 10,7 фоиз зиёд гардид
Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 1,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 фоиз кам аст. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ 30,4 фоиз зиёд ва бо кишварҳои хориҷаи дур 25,1 фоиз коҳиш ёфт. Ҳаҷми содироти молҳо дар ин давра бинобар коҳиш ёфтани нархи маҳсулоти содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 37,1 фоиз кам гардида, 227,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Воридоти молҳо бинобар зиёд гардидани даромаднокии аҳолӣ ва ба ин васила зиёд гардидани унсури талабот нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 10,7 фоиз зиёд гардида, 927,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд. Вобаста ба ин, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ҷамбаст гардида, ба 699,8 млн. доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,9 фоиз зиёд мебошад.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






