Воридоти мол 10,7 фоиз зиёд гардид

Май 6, 2014 10:21

Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 1,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 фоиз кам аст.  Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ 30,4 фоиз зиёд ва бо кишварҳои хориҷаи дур 25,1 фоиз коҳиш ёфт. Ҳаҷми содироти молҳо дар ин давра бинобар коҳиш ёфтани нархи маҳсулоти содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 37,1 фоиз кам гардида, 227,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Воридоти молҳо бинобар зиёд гардидани даромаднокии аҳолӣ ва ба ин васила зиёд гардидани унсури талабот нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 10,7 фоиз зиёд гардида, 927,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд. Вобаста ба ин, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ҷамбаст гардида, ба 699,8 млн. доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,9 фоиз зиёд мебошад.

Май 6, 2014 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад