Восеъ: Ташкили 141 ҷойи нави корӣ

Май 26, 2014 16:09

Восеъ, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймони Хол).- Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии  ноҳияи Восеъ  дар  чор моҳи соли ҷорӣ  корҳои муайянеро ба анҷом расонид. Ба гуфти  сардори раёсати мазкур Маҳмадисо Қурбонов дар ин давра  бо масъалаи шуғл  ба раёсат 582  нафар шаҳрванд муроҷиат  намуд, ки 214  нафараш зан мебошад.  Мувофиқи барномаи касбомӯзӣ  100   нафар  дар  курсҳои   кутоҳмуддати  касбомӯзӣ  омӯзонида шуда, бо  ихтисосҳои барномасози  компютер, дӯзандагӣ, занбӯри асалпарварӣ, заргарӣ  ва дигар касбҳо таъмин гардиданд.  Мавриди зикр аст, ки  дар  ин давра  дар ташкилоту  муассисаҳои ноҳия 141 ҷойи нави корӣ  ташкил шуд, ки аз ин  103 ҷой  ба соҳаи  тандурустӣ, 4 ҷой ба  фарҳанг, 10 ҷой ба   маркази савдои «Султони Кабир»,  17 ҷой ба ҶСК «Хоҷамуъмин»  ва дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳия  тааллуқ дорад. 

Май 26, 2014 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш