Ярмаркаи пешниҳоди ҷои кор дар Бибихуррам
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 майи соли 2014 дар вилояти Хатлон дар назди теппаи Бибихуррам, Наврўзгоҳи шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки раёсату шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Қурғонтеппа, Сарбанд, Бохтар, Вахш, Ҷиликул ва Ҷомӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор менамояд.
Бино ба иттилои шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ярмарка зиёда аз 1000 ҷойҳои кор аз ҳисоби ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ пешкаш мешавад. Дар ярмаркаи ҷойҳои корӣ ба корҷўёну муҳоҷирони меҳнатӣ дар баробари ҷойҳои кории холӣ роҳхат барои касбомўзӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, инчунин шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ қабл аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ пешкаш мешавад.
Дар ярмарка ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






