Ёдбуди Мавлоно Ҷомӣ дар Қирғизистон
Душанбе, 5.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ташаббуси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ ба ифтихори 600-умин солгарди Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ — мутафаккири бузург ва шоири тавонои тоҷик конфронси илмиву амалӣ баргузор мегардад.
Тибқи иттилои Қодиршои Мурувват — муовини раиси Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ва сардабири нашрияи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо», ин ҳамоиш дар назар аст 15 майи соли 2014 дар дабиристони тоҷикии ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, воқеъ дар дар деҳшӯрои Учқурғони ноҳияи Қадамҷои вилояти Бодканд доир гардад.
Фаъолони созмони тоҷикон пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо табақаи равшанфикри тоҷиқ, ки дар остонаи Наврӯзи Аҷам дар Душанбе сурат гирифт, тасмим гирифтанд аз ин фарзанди накуноми миллат ёдоварӣ намоянд. Дар ин вохӯрӣ Сарвари Тоҷикистон изҳор намуд, ки бинобар пешниҳоди Ҳукумати кишвар ва ҳимояти созмони ЮНЕСКО соли 2014 ба унвони «Соли бузургдошти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ» эълон мегардад.
Қодиршои Мурувват хабар дод, ки дар ин нишасти илмӣ намояндагони ҳукуматҳои маҳаллии вилояти Бодканд, шоирону нависандагони қирғиз, мақомоти расмии Бишкеқ, намояндагони парлумони Қирғизистон даъват шудаанд. Барои ширкат дар ҳамоиши ёдбуди Абдураҳмони Ҷомӣ сафирони 3 кишвари форсизабони муқими Бишкек-Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон низ даъват шудаанд. Инчунин интизор меравад, ки ба ин муносибат намояндагони Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё «Пайванд» ба Қирғизистон сафар кунанд.
Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон, ки имсол 20-солагии таъсиси худро таҷлил мекунад, як созмони ҷамъиятӣ буда, ҳадафи он ҳифз ва рушди забону фарҳанг, мактабу маорифи тоҷикон дар ин ҷумҳурии ҳамсоя мебошад.
Дар Қирғизистон дар ҳоли ҳозир 55 ҳазор тоҷик зиндагӣ мекунад ва онҳо дар қатори дигар қавму миллатҳои сокини ин кишвар барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат саҳми фаъолона мегузоранд. Дар 9 мактаби ин кишвар ба шогирдон бо забони тоҷикӣ дарс дода мешавад. Аз соли 2008 то ин ҷониб дар Бишкек нашрияи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо» — органи нашрияи Созмони тоҷикон чоп ва миёни ҳамзабонон тақсим мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






