Ёде аз Нигина-нигини санъати тоҷик
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз Ҳофизи мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ Нигина Рауфова зодрӯз дорад. Бахшида ба ин ҷашн дар ноҳияи Файзобод, зодгоҳи марҳум расми ифтитоҳи Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова доир шуд. Ҳамчунин имрӯз ба хотири 69-солагии Нигина Рауфова маҳфили ёдбуд баргузор гардид, ки дар он ёру дӯстон, ҳамкасбон, пайвандон ва дӯстдорони санъати асили ин ҳофизаи шинохта ширкат варзиданд.
Нигина Рауфова 21 майи соли 1945 дар рустои Шерамони ноҳияи Файзобод зода шудааст.
Муваффақияти Нигина дар маҳорати бесобиқаи ӯ зимни иҷрои таронаҳои мардумӣ дониста мешавад. Аммо сурудҳои хондааш бо забонҳои озарӣ, туркманӣ, русӣ, ӯзбакӣ ва оҳангҳои афғониву эрониву арабӣ ба дили мухлисон хеле амиқ ҷо гирифтаанд. Нигинаро барои маҳорати баланди овозхонӣ ва чеҳраи тоҷиконааш шомили барномаҳои ҳунарие мекарданд, ки бояд дар хориҷи кишвар сурат мегирифт. Нигина Рауфова Тоҷикистонро то ба Аврупо муаррифӣ кардааст. Аввалин сафари ҳунарияш дар ҳайати дастаи занони рубобнавоз соли 1978 ба Беларусу Молдова буд. Дар соли 1978 ҳамроҳ бо гурӯҳи рақсии “Лола” дар Фаронса ҳунарнамоӣ карда буд.
Нигина Рауфова 22 декабри соли 2010 дар синни 65 бар асари сактаи қалб даргузашт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






