Занҳои афғон ороиши мӯйро касб мекунанд
Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тайи солҳои охир саҳми муассисаҳои таълими касбии низоми Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар омодасозии касбии шаҳрвандон аз хориҷи кишвар назаррас мебошад.
Тавре ки сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Рустамҷон Умаров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, алҳол дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон занону духтарон ва ҷавонон ба касбомӯзӣ ҷалб шудаанд. Тибқи Барномаи АРСИВИСИ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо дастгирии Созмони Миллали Муттаҳид 20 нафар ҷавондухтарону ҷавонписарон дар марказ бо тариқи маблағгузорӣ аз ҷониби СММ ба касбҳои ороишгари мӯй ва сантехникӣ ба муҳлати 2 моҳ ба омўзиш фаро гирифта шудаанд. Баъд аз хатми курси мазкур муҳассилин соҳиби шаҳодатнома мегарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






