Зарурати омодасозии мутахассисон дар ҳалли масоили шуғли аҳолӣ
Душанбе, 17.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -16 майи соли равон, дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ вохӯрӣ бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Абдураҳмон Хонов баргузор гардид, ки дар он роҳҳои амалӣ намудани дастуру супоришҳо ва талаботҳое, ки аз Паём бармеоянд, баррасӣ шуданд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Абдураҳмон Хонов гуфт, ки амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат имкон медиҳад, ки ҳаҷми иқтисоди кишвар то соли 2020, яъне дар ҳафт соли оянда, то ду баробар афзоиш ёфта, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ на камтар аз якуним баробар зиёд шавад. Тадриҷан беҳтар гардонидани сифати зиндагии мардум ва дар ин давра то 20 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии мо мебошад. Дар ин раванд бунёди инфрасохтори муосир ва устувори ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун вазифаи асосии Ҳукумат боқӣ мемонад. Барои ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ, бахусус мутобиқи талаботи имрӯзаи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ омода намудани мутахассисон зарур аст, ки минбаъд банақшагирии тарбияи кадрҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ дар асоси таҳлили талаботи бозори меҳнат ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба роҳ монда шавад, иброз дошт ӯ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






