Ғолибони «Нозирони навраси ҳаракати роҳ» муайян гардиданд
Душанбе, 3.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Аз 27-уми май то 1-уми июни соли ҷорӣ дар Маҷмааи муолиҷавии «Садбарг»-и шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракати роҳ» бо иштироки дастаҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дастаи мактаббачагони шаҳри Конибодом дар озмуни ҷумҳуриявӣ ғолиб омада, дар нахустин озмуни байналмилалии «Нозирони навраси ҳаракати роҳ», ки бо иштироки дастаҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия доир гардид, қуввозмоӣ намуд.
Дар натиҷа дастаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (дастаи мактабиёни Конибодом) ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо ба даст овардани холҳои баробар ҷойи аввал ва дастаи Федератсияи Русия ҷойи думро сазовор гашт.
Ба ғолибон диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






